Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Набиштанд бар дафтари шаҳрёр
Ҳама номашон, то ки ояд ба кор.

180 Бифармуд, к-аз шаҳр берун шаванд,
Зи паҳлў сўи дашту ҳомун шаванд.

Сари моҳ бояд, ки аз каррной
Хурўш ояду захми ҳиндидарой.

Ҳама сар сўи ҷанги туркон ниҳанд,
Ҳама шодмон сар ба Турон ниҳанд.

Ниҳоданд сар пеши ў бар замин,
Ҳама як ба як хонданд офарин.

Бигуфтанд, к-«Эй шоҳи бозебу фар,
Фирўзанда шуд аз ту тоҷу камар,

185 Ҳама бандагонему шоҳӣ турост,
Зи бурҷи бара то ба моҳӣ турост».

Ганҷҳо бахшидани Хусрав паҳлавононро

Ба ҷое, ки буданд аспон яла,
Ба лашкаргаҳ овард чўпон гала.

Бифармуд, к-он, к-ў камандафкан аст,
Ба ҷанг-андарун гурди рўинтан аст,

Абар тозиаспон каманд афкананд,
Сари бодпоён ба банд афкананд.

Аз он пас ҷаҳондори пирўзгар
Або гурз биншаст бар тахти зар.

190 Дари ганҷи динор букшоду гуфт,
Ки ганҷи бузургон нашояд нуҳуфт.

Гаҳи кўшишу кинаи корзор
Шавад ганҷу динор бар чашм хор.

Ба мардон ҳама ганҷу тахт оварем,
Ба хуршед бори дарахт оварем.

Чаро бурд бояд ҳаме рўзгор,
Ки ганҷ аз паи мард ояд ба кор.

пешина
аз 234
навбатӣ