Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чу пурсӣ зи гурдону гарданкашон,
Тахори диловар бигўяд нишон.
К-аз Эрон кеҳу меҳ шиносад ҳама,
Бигўяд нишони шубону рама».
Бад-ў гуфт: «Рои ту, эй некзан,
Дурахшон кунад дудаву анҷуман».
Яке дидбон омад аз дидгоҳ,
Сухан гуфт бо ў зи эронсипоҳ,
510 Ки дашту дару кўҳ пурлашкар аст,
Ту хуршед, гўӣ, ба банд-андар аст.
Зи дарбанди диж то дарозии санг
Дурафш асту пилону мардони ҷанг.
Рафтани Фуруд ва Тахор
ба дидани лашкар
Бирафтанд пўён Тахору Фуруд,
Ҷавонро сари бахт баргашта буд.
Аз афроз чун каж бигардад сипеҳр,
На тундӣ ба кор ояд аз бун, на меҳр.
Ҷавоне, ки ҷонаш бихоҳад парид,
Куҷо метавонад ба пирӣ расид?
515 Гузиданд теғи яке бурзкўҳ,
Ки дидор буд аксар эронгурўҳ.
Бимонданд хира Фуруду Тахор
Аз он лашкару олати корзор.
Ҷавон бо Тахори сароянда гуфт:
«Зиҳарч-ат бипурсам, набояд нуҳуфт.
Куноранг бо он ки дорад дурафш,
Худованди кўполу зарринакафш,
Чу бинӣ, ба ман номи эшон бигўй,
Касеро, ки донӣ аз Эрон ба рўй.
520 Расиданд гурдон миёни ду кўҳ,
Сипоҳ андаромад гурўҳогурўҳ
Зи бас тарги заррину зарринсипар,
Зи кўполи заррину зарринтабар.
Ту гуфтӣ ба кон-андарун зар намонд,
Баромад яке абру гавҳар фишонд.
Зи бонги табира миёни ду кўҳ
Дили каргас андар ҳаво шуд сутўҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё