Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Дурафше куҷо шерпайкар ба зар,
Ки Гударзи Кашвод орад ба сар.
545 Дурафше паланг аст пайкардароз,
Пасаш Ревниз аст бо кому ноз.
Дурафше куҷо оҳуяш пайкар аст,
Ки Настўҳи Гударзи болашкар аст.
Дурафше куҷо ғурм дорад нишон,
Зи Баҳроми Гударзи Кашводагон.
Ҳама он куҷо ғурм дорад нишон,
Зи Баҳроми Гударзи Кашводагон.
Ҳама шермардону гурду савор,
Якояк бигўям, дароз аст кор».
Чу як-як бигуфт он нишони гавон
Ба пеши Фуруд он шаҳи хусравон,
550 Меҳону кеҳонро ҳама бингарид,
Дилаш шодмон гашту рух шанбалид.
Чунин гуфт шоҳи ҷаҳон бо Тахор,
Ки «Кини падар бозхоҳем хор.
Ба Чину ба Мочин намонам савор,
Ба киноварӣ аз дари корзор.
Магар аждаҳоро ба чанг оварам,
Сари гоҳи эшон ба танг оварам».
Чу эрониён аз бари кўҳсор
Бидиданд ногаҳ Фуруду Тахор,
555 Барошуфт аз эшон сипаҳдор Тус,
Фурў монд бар ҷой пилону кўс.
Чунин гуфт, к-«Аз лашкари номдор
Саворе бибояд ҳаме комгор,
Ки ҷўшон шавад з-ин миёни гурўҳ,
Биронад дамон то сари Бурзкўҳ.
Бубинад, ки ин ду диловар киянд?
Бад-он тундболо зи баҳри чиянд?
Гар эдун, ки аз лашкари мо якест,
Занад бар сараш тозиёна дувист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё