Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сухан нарм гўй, эй ҷаҳондида мард,
Маёлой лабро ба гуфтори сард!

580 На ту шери ҷангӣ, на ман гўри дашт,
Бад-ин гуна бар мо набояд гузашт.

Фузунӣ надорӣ ту чизе зи ман
Ба гурдиву мардиву нерўи тан.

Сару пову дасту дилу мағзу ҳуш,
Забони сарояндаву чашму гўш.

Нигаҳ кун маро, то маро низ ҳаст,
Агар ҳаст, беҳуда манмой даст.

Сухан пурсамат гар, ту посух диҳӣ,
Шавам шод, агар рои фаррух ниҳӣ».

585 Буд-ў гуфт Баҳром: «Баргўй ҳин,
Ту бар осмониву ман бар замин».

Фуруд он замон гуфт: «Солор кист?
Ба ҷанг-андарун аз дари кор кист?»

Бад-ў гуфт Баҳром: «Солор Тус
Ки бо ахтари ковиён асту кўс.

Зи гурдон чу Гударзу Руҳҳому Гев,
Чу Шедушу Гургину Фарҳоди нев.

Чу Густаҳму чун Зангаи Шоварон
Гуроза сари тухми кундоварон».

590 Бад-ў гуфт, к-«Аз чӣ зи Баҳром ном
Набурдиву бугзоштӣ кор хом?

Зи гударзиён мо бад-ўем шод,
Маро з-ў накардӣ ба лаб ҳеч ёд».

Бад-ў гуфт Баҳром, к-«Эй шермард,
Чунин ёди Баҳром бо ту кӣ кард?»

Чунин дод посух мар ўро Фуруд,
Ки «Ин достонам зи модар шунуд.

Маро –гуфт, –чун бар ту ояд сипоҳ,
Пазира шаву номи Баҳром хоҳ.

595 Дигар номдоре зи кундоварон,
Куҷо номи ў Зангаи Шоварон,

Ки ҳастанд ҳамширагони падар,
Сазад, гар биҷўӣ аз эшон хабар».

Бад-ў гуфт Баҳром, к-«Эй некбахт,
Туӣ бори он хусравонӣ дарахт?

Фурудӣ ту, эй шаҳрёри ҷавон?
Ки ҷовид бодиву равшанравон!»

Ҷуз ин паҳлавонони номоварон,
Ҳамон номвар Зангаи Шоварон.

пешина
аз 234
навбатӣ