Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки гар сад савор аз миёни гурўҳ,
Шавад пеши ў то сари теғи кўҳ,

Зи ҷангаш раҳоӣ наёбад ба ҷон,
Ғам орӣ ҳаме бар дили шодмон».

Сипаҳбад шуд ошуфта аз гуфти ўй,
Нашуд панди Баҳроми ял ҷуфти ўй.

Бифармуд, то номбардор чанд
Битозанд то сўи кўҳи баланд.

660 Зи гурдон фаровон бурун тохтанд,
Набарди варо гардан афрохтанд.

Бад-эшон чунин гуфт Баҳроми гурд,
Ки «Ин кор яксар мадоред хурд.

Бар он кўҳ-бар хеши Кайхусрав аст,
Ки як мўи ў беҳ зи сад паҳлав аст.

Ҳар он кас, ки рўи Сиёвуш надид,
Бихоҳад зи дидори ў орамид».

Чу Баҳром дод аз Фуруд он нишон,
Зи раҳ бозгаштанд гарданкашон.

Кушта шудани Ревниз бар
дасти Фуруд

665 Биёмад дигарбора домоди Тус.
Ҳаме кард гардун бар ў-бар фусўс.

Зи роҳи Чарам бар Сипадкўҳ шуд,
Дилаш пурҷафо буду настўҳ шуд.

Чу аз теғи боло Фурудаш бидид,
Зи қирбон камони каӣ баркашид.

Чунин гуфт бо размдида Тахор,
Ки «Тус он суханҳо гирифтаст хор,

Ки омад савореву Баҳром нест,
Маро дил дурушт асту падром нест.

670 Бубин, то магар ёдат ояд, ки кист?
Сару пош дар оҳан аз баҳри чист?»

Чунин дод посух мар ўро Тахор,
Ки ин Ревниз асту гурди савор.

Чиҳил хоҳар асташ чу хуррамбаҳор,
Писар худ ҷуз ин нест андар табор.

Фиребандаву риману чоплус,
Ҷавону ҳунарманду домоди Тус».

Чунин гуфт бо марди доно Фуруд,
Ки «Ҳангоми ҷанг ин нашояд шунуд.

пешина
аз 234
навбатӣ