Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар осмонӣ чунин аст рой,
Касеро ба рози фалак нест пой.

1550 Магар ман ба Эрон нахоҳам расид,
Нахоҳам ҳаме рўи Ковус дид.

Чу Дастон, ки парвардгори ман аст,
Таҳамтан, ки хуррам баҳори ман аст.

Чу Баҳрому чун Зангаи Шоварон,
Чу Геву чу Шопуру кундоварон,

Чу аз рўи эшон бибояд бурид,
Ба Турон ҳаме хона бояд гузид.

Бад-ин бошу ин кадхудоӣ бисоз,
Магў ин сухан бо замин ҷуз ба роз.

1555 Ҳаме гуфту мижгон пур аз об кард,
Ҳаме барзад андар миён боди сард.

Бад-ў гуфт Пирон, ки «Бо рўзгор
Бисозад хирадёфта марди кор.

Наёбӣ гузар ту зи гардонсипеҳр,
К-аз ўяст подошу пархошу меҳр.

Ба Эрон агар дўстон доштӣ,
Ба Яздон супурдиву бугзоштӣ.

Нишасту нишонат кунун эдар аст,
Сари тахти Эрон ба банд-андар аст».

Сухан гуфтани Пирон бо Афросиёб

1560 Бигуфт ину бархост аз пеши ўй,
Чу огоҳ шуд аз каму беши ўй.

Ба шодӣ биёмад ба даргоҳи шоҳ,
Фуруд омаду баркушоданд роҳ.

Ҳаме буд дар пеши ў як замон,
Бад-ў гуфт солори некўгумон,

пешина
аз 234
навбатӣ