Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ки «Чандин чӣ бошӣ ба пешам ба пой,
Чӣ хоҳӣ зи гетӣ, чӣ омад-т рой?
Сипоҳу зару ганҷи ман пеши туст,
Маро судмандӣ ба кам-беши туст.
1565 Касе, к-ў ба зиндону банди ман аст,
Кушодан-ш дарру газанди ман аст,
Зи хашму зи банди ман озод гашт,
Зи баҳри ту пайкори ман бод гашт.
Зи бисёру андак чӣ хоҳӣ, бихоҳ
Зи теғу зи мўҳру зи тахту кулоҳ!»
Хирадманд посух чунин дод боз,
Ки «Аз ту мабодо ҷаҳон бениёз!
Маро хоста ҳасту ганҷу сипоҳ,
Ба бахти ту ҳам теғу ҳам тоҷу гоҳ.
1570 Зи баҳри Сиёвуш паёме дароз
Расонам ба гўши сипаҳбад ба роз.
Маро гуфт: «Бо шоҳи Турон бигўй,
Ки ман шоддил гаштаму номҷўй.
Бипарвардиям чун падар дар канор,
Ҳаме шодӣ овард бахтам ба бор.
Кунун ҳамчунин кадхудоӣ бисоз,
Ба неку бад аз ту наям бениёз.
Паси пардаи ту яке духтар аст,
Ки айвону тахти маро дарх(в)ар аст.
1575 Фарангис хонад варо модараш,
Шавам шод, агар бошам андарх(в)араш».
Пурандеша шуд ҷони Афросиёб,
Чунин гуфт бо дида карда пуроб,
Ки «Ман рондаам пеш аз ин достон,
Набудӣ бар ин гуфта ҳамдостон.
Чунин гуфт бо ман яке ҳушманд,
Ки ҷонаш хирад буду рояш баланд,
Ки, эй дояи баччаи шери нар
Чӣ ранҷӣ, ки ҳам ҷон наёрӣ ба бар.
Нахустин, ки ояд-ш нерўи ҷанг,
Ҳамон парваронанда орад ба чанг.
Ва дигар, ки аз пеш кундоварон,
Зи кори ситорашумар мўбадон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё