Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи ҷавгони ў гўй шуд нопадид,
Ту гуфтӣ сипеҳраш ҳаме баркашид.

Чунин гуфт бо лашкари номҷўй,
Ки майдон шуморову чавгону гўй.

1950 Чу гурдон ба майдон ниҳоданд рўй,
Зи туркон ба тундӣ бибурданд гўй.

Сиёвуш аз эрониён шод шуд,
Ба сони яке сарви озод шуд.

Бифармуд, то тахти заррин ниҳанд,
Ба майдони пархош жўпин ниҳанд.

Ду меҳтар нишастанд бар тахти зар,
Бад-он, то киро барфарозад гуҳар.

Саворон ба майдон ба кирдори гард
Ба жўпин гирифтанд нангу набард.

1955 Бад-ў гуфт Гарсеваз: «Эй шаҳрёр,
Ҳунарманд в-аз хусравон ёдгор,

Ҳунар бар гуҳар низ карда гузар,
Сазад, гар намоӣ ба туркон ҳунар.

Ба нўки синону ба тиру камон
Ҳунарҳо падидор кун як замон».

Ба бар зад Сиёвуш бад-он кор панҷ,
Ки аз як зиреҳ тан расидӣ ба ранҷ.

1960 Ниҳоданд бар тарфи овардгоҳ,
Назора бар ў-бар зи ҳар сў сипоҳ.

Сиёвуш яке найзан шоҳвор,
Куҷо доштӣ аз падар ёдгор,

Ки дар ҷанги Мозандарон доштӣ,
Ба нахчиру бар шер бугзоштӣ,

Ба овардгаҳ рафт найза ба даст,
Инонро бупечид чун пили маст

Бизад найзаву баргирифт он зиреҳ,
Зиреҳро намонд эч банду гиреҳ.

1965 Зи овард найза баровард рост,
Зиреҳро бияндохт он сў, ки хост.

Саворону Гарсевази размсоз
Бирафтанд бо найзаҳои дароз.

пешина
аз 234
навбатӣ