Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ҳар он гаҳ ки бегона шуд хеши ту,
Бидонист рози каму беши ту.
Бар ин достон зад яке раҳнамун,
Ки боде, ки аз хона ояд бурун,
Набинӣ аз ў ҷуз ҳама дарду ранҷ.
Парокандани дудаву ному ганҷ.
Надонӣ, ки парвардгори паланг
Набинад зи парварда ҷуз дарду ҷанг».
2070 Чу Афросиёб ин сухан боз ҷуст,
Ҳама гуфти Гарсеваз омад дуруст.
Пушаймон шуд аз рою кирдори хеш,
Ҳама тира донист бозори хеш.
Чунин дод посух, ки «Ман з-ин сухун
На сар нек бинам падиду на бун.
Бибошем, то кори гардонсипеҳр
Чи гуна кушояд бар ин кор чеҳр.
Ба ҳар кор беҳтар диранг аз шитоб,
Бимон, то битобад бар ин офтоб.
2075 Бубинам, ки рои ҷаҳондор чист,
Рухи шамъи чархи равон сўи кист.
В-агар сўи даргоҳ хонам-ш боз,
Биҷўям сухан, то чӣ дорад ба роз.
Нигаҳбони ў ман басам, бегумон,
Ҳаме бингарам, то чӣ гардад замон.
Чу з-ў ин кажӣ ошкоро шавад,
Ба ночор дил бемудоро шавад,
Аз он пас накўҳиш набошад зи кас,
Мукофоти бад ҷуз бадӣ нест бас».
2080 Чунин гуфт Гарсевази кинаҷўй,
Ки «Эй шоҳи бинодили ростгўй,
Сиёвуш бад-он олату фарру гурз,
Бад –он эзадидасту он теғу гурз,
Наёяд ба даргоҳи ту бесипоҳ,
Шавад бар ту- бар тира хуршеду моҳ.
Сиёвуш на он аст, к-аш дид шоҳ,
Ҳаме б-осмон барфарозад кулоҳ.
Фарангисро ҳам надонӣ ту боз,
Ту гўӣ шудаст аз ҷаҳон бениёз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё