Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чи густох шуд даст бо ганҷи ўй,
Бупечад ҳамоно дил аз ранҷи ўй.
Агарчи бад ояд ҳаме бар сарам,
Ман аз рою фармони ў нагзарам.
Биёям кунун бо ту ман бесипоҳ,
Бубинам, ки аз чист озори шоҳ».
2205 Бад-ў гуфт Гарсеваз: «Эй номҷўй,
Туро омадан пеши ў нест рўй.
Ба пой андар оташ набояд шудан,
На бар мавҷи дарё-бар эмин будан.
Ҳаме хира бар бад шитоб оварӣ,
Ҳаме бахти хандон ба хоб оварӣ.
Ҳамоно туро ман басам поймард,
Бар оташ магар барзанам оби сард.
Яке посухи нома бояд навишт,
Падидор кардан ҳама хубу зишт,
2210 Зи кин ар бубинам сари ў тиҳӣ,
Дурахшон шавад рўзгори беҳӣ.
Саворе фиристам ба наздики ту,
Дурахшон кунам рои торики ту.
Умед астам аз кирдгори ҷаҳон,
Шиносандаи ошкору ниҳон,
Ки ў боз гардад сўи ростӣ,
Шавад дур аз кажживу костӣ.
В-агар бинам андар сараш печу тоб,
Ҳаюне фиристам ҳам андар шитоб.
2215 Ту з-он сон ки бояд, ба зудӣ бисоз,
Макун кор бар хештан-бар дароз.
На дур аст аз эдар ба ҳар кишваре,
Ба ҳар номдореву ҳар меҳтаре.
Саду бист фарсанг аз эдар ба Чин
Ҳамон сесаду чил ба Эронзамин.
Аз ин сў ҳама дўстдори туанд,
Ҳама банда дар кору бори туанд.
В-аз он сў падар орзуманди туст,
Сипаҳ бандаву шаҳр пайванди туст,
2220 Ба ҳар сў яке номае кун дароз,
Басечида бошу диранге масоз».
Сиёвуш ба гуфтори ў бигравид,
Чунон ҷони бедори ў биғнавид.
Бад-ў гуфт: «Аз он дар, ки рондӣ сухун,
Зи гуфтору роят нагардам зи бун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё