Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

2260 Фарангис биграфт гесў ба даст,
Ба фундуқ гули арғавонро бихаст.

Пур аз хун шуд он сунбули мушкбўй,
Дилаш шуд пуроташ, пур аз об рўй.

Ҳаме ашк борид бар кўҳи сим,
Ду лола зи хушшоб карда ду ним.

Ҳаме канд мўю ҳаме рехт об
Зи гуфтору кирдори Афросиёб.

Бад-ў гуфт, к-«Эй шоҳи гарданфароз,
Чӣ созӣ кунун, зуд букшой роз.

2265 Падар худ диле дорад аз ту ба дард,
Аз Эрон наёрӣ сухан ёд кард.

Сўи Рум раҳ бо диранг оядат,
Сўи Чин напўӣ, ки нанг оядат.

Зи гетӣ киро гирӣ акнун паноҳ,
Паноҳат Худованди хуршеду моҳ».

Бад-ў гуфт: «Гарсевази некхоҳ
Ба мужда биёяд зи наздики шоҳ.

Куҷо ў бубахшуду дил нарм кард,
Сари кинаи худ пурозарм кард».

2270 Бигуфт ину зӣ додгар кард пушт,
Дилаш тира аз рўзгори дурушт.

Хоб дидани Сиёвуш

Се рўз андар ин кор бигрист зор
Аз он бевафо гардиши рўзгор.

Чаҳорум шаб андар бари моҳрўй
Ба хоб-андарун буд дайҳимҷўй.

Биларзид в-аз хоб хира биҷаст,
Хурўше баровард чун пили маст.

Ҳаме дошт андар бараш хубчеҳр
Бад-ў гуфт: «Шоҳо, чӣ будат ба меҳр?»

2275 Хурўшиду шамъе барафрўхтанд.
Бараш уду анбар ҳаме сўхтанд.

Бипурсид аз ў духти Афросиёб,
Ки «Фарзона шоҳо! Чӣ дидӣ ба хоб?»

Сиёвуш бад-ў гуфт, к-«Аз хоби ман
Лабат ҳеч макшой бар анҷуман.

пешина
аз 234
навбатӣ