Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар айвони он пирсар пурҳунар
Бизоӣ яке хусрави номвар.

Аз Эрон биёяд яке чорагар,
Ба фармони додор баста камар.

Аз эдар туро бо писар дар ниҳон
Сўи рўди Ҷайҳун барад ногаҳон.

Нишонанд бар тахти шоҳӣ варо.
Ба фармон бувад мурғу моҳӣ варо.

2320 Аз Эрон яке лашкар ояд ба кин,
Пурошўб гардад саросар замин.

Бар ин гуна хоҳад гузаштан сипеҳр,
Нахоҳад шудан ром бо кас ба меҳр.

Басо лашкаро, к-аз паи кини ман
Бипўшанд ҷавшан ба оини ман.

Зи гетӣ саросар барояд хурўш,
Замона зи Кайхусрав ояд ба ҷўш.

Паи Рахши Рустам замин биспарад,
Зи Турон касеро ба кам нашмарад.

2325 Ба кини ман имрўз то растахез
Набинӣ ҷуз аз гурзу шамшери тез».

В-аз он пас Сиёвахши озодмард
Рухонро ба сўи Фарангис кард.

Варо кард падруд, бо ў бигуфт,
Ки «Ман рафтанӣ гаштам, эй нек ҷуфт.

Бар ин гуфтаҳо-бар ту дил хаста кун,
Дил аз ноз в-аз тахт пардахта кун».

Хурўше бароварду дил пур зи дард
Бурун рафт аз айвон ду рухсора зард.

2330 Ҷаҳоно, надонам чаро парварӣ,
Чу парвардаи хешро бишкарӣ?

Фарангис рух хаставу канда мўй,
Равон карда бар рух зи ду дида ҷўй.

Сиёвуш чу бо ҷуфт ғамҳо бигуфт,
Хурўшон бад-ў андаровехт ҷуфт.

Рухаш пур зи хуни дилу дида гашт,
Сўи охури тозиаспон гузашт,

пешина
аз 234
навбатӣ