Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ба бандаш ҳаме дор, то рўзгор
Бар ин мар туро бошад омўзгор.
Чу боди хирад бар дилат барвазад,
Аз он пас варо сар буридан сазад.
Мафармой акнуну тезӣ макун,
Ки тезӣ пушаймонӣ орад ба бун.
Сареро куҷо тоҷ бошад кулоҳ,
Нашояд бурид, эй хирадманд шоҳ.
2410 Чӣ буррӣ ҳаме ту сари бегуноҳ,
Ки Ковусу Рустам бувад кинахоҳ?
Падар шоҳу Рустам-ш парвардааст,
Ба некӣ мар ўро баровардааст.
Бубинем подоши ин зишт кор,
Бупечӣ ба фарҷом аз ин рўзгор.
Ба ёд ор он теғи алмосгун,
К-аз он теғ гардад ҷаҳон пур зи хун.
В-аз он номдорони эронгурўҳ,
Ки аз хашмашон гашт гетӣ сутўҳ.
2415 Фарибурзу Ковуси даррандашер,
Ки ҳаргиз надидаш кас аз ҷанг сер.
Чу пили даманда гави пилтан,
Ки хор аст бар чашми ў анҷуман.
Чу Гударзу Гургину Фарҳоду Тус
Бубанданд бар кўҳаи пил кўс.
Бад-ин кин бубанданд яксар камар,
Дару дашт гардад пур аз найзавар.
На ман пой дорам, на монанди ман
На гурде зи гурдони ин анҷуман.
2420 Ҳамоно, ки Пирон биёяд пагоҳ,
Аз ў бишнавад достон низ шоҳ.
Магар худ ниёзат набошад бад-ин
Магустар ба гетӣ чунин фарши кин.
Мафармой кардан бад-ин-бар шитоб,
Ки Турон шавад сар ба сар з-ин хароб».
Сипаҳбад зи гуфтори ў нарм шуд,
Валекин бародар-ш бешарм шуд.
Бад-ў гуфт Гарсеваз: «Эй ҳушманд,
Ба гуфти ҷавон ту ҳаворо мабанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё