Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Раҳо карданаш бадтар аз куштан аст,
Ҳамон куштанаш ранҷу дарди ман аст.
2445 Хирадманду ҳам мардуми бадгумон
Надонад касе чораи осмон».
Зорӣ кардани Фарангис пеши
Афросиёб
Фарангис бишнид, рухро бихаст,
Миёнро ба зуннори хунин бибаст.
Пиёда биёмад ба наздики шоҳ,
Ба хун ранг дода рухон ҳамчу моҳ.
Ба пеши падар шуд пур аз тарсу бок,
Хурўшон ба сар-бар ҳаме рехт хок.
Бад-ў гуфт, к-«Эй пурҳунар шаҳрёр,
Чаро кард хоҳӣ маро хоксор?
2450 Дилатро чаро бастӣ андар фиреб,
Ҳаме аз баландӣ набинӣ нишеб.
Сари тоҷдоре мабур бегуноҳ,
Ки напсандад ин довари хуру моҳ.
Сиёвуш, ки бугзошт Эронзамин,
Ҳаме бар ту кард аз ҷаҳон офарин.
Биёзурд аз баҳри ту шоҳро,
Бимонд афсару ганҷу ҳам гоҳро.
Биёмад, туро кард пушту паноҳ,
Кунун з-ў чӣ дидӣ, кӣ бурдат зи роҳ?
2455 Сари тоҷдорон набуррад касе,
Ки бо тоҷу бо тахт монад басе.
Макун бегунаҳ бар тани ман ситам,
Ки гетӣ сипанҷ асту пурбоду дам.
Якеро ба чоҳ афканад бо кулоҳ,
Яке бе кулаҳ барнишонад ба гоҳ.
Саранҷом ҳар ду ба хок-андаранд,
Зи ахтар ба чанги мағок-андаранд.
Ба гуфтори Гарсевази бадгумон,
Дурафше макун хештан дар ҷаҳон.
2460 Шунидӣ куҷо з-Офаридуни гурд
Ситамгора Заҳҳоки тозӣ чӣ бурд?
Ҳамон аз Манучеҳршоҳи бузург
Чӣ омад ба Салму ба Тури сутург?
Кунун зинда бар гоҳ Ковусшоҳ,
Чу Дастону чун Рустами кинахоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё