Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
290 Шавам, баргироям тани Пилсам,
Бубинам чӣ дорад паю зўру дам».
Яке найзаи боркаш баргирифт,
Бияфшурд рон, тарк бар сар гирифт.
Гарон шуд рикебу сабук шуд инон,
Ба чашм андаровард рахшон синон.
Ҳаме гашт бар лаб бароварда каф,
Ҳаме тохт аз қалб то пеши саф.
Чунин гуфт, к-«Эй номвар Пилсам,
Маро хостӣ, то бисўзӣ ба дам.
295 Бубинӣ кунун захми ҷангинаҳанг,
К-аз он пас напечӣ инон сўи ҷанг.
Бисўзад дилам бар ҷавонии ту,
Дареғо бари паҳлавонии ту».
Бигуфту барангехт аз ҷо наванд,
Даромад ба кин чун сипеҳри баланд.
Яке найза зад бар камаргоҳи ўй,
Зи зин бадгирифташ ба кирдори гўй.
Ҳаме тохт то қалби туронсипоҳ,
Бияндохташ хор дар қалбгоҳ.
300 Чунин гуфт к-«Инро ба дебои зард
Бипўшед, к-аз гард шуд лоҷвард».
Инонро бупечид аз он размгоҳ,
Биёмад дамон то ба қалби сипоҳ.
Биборид Пирон зи мижгон сиришк,
Тани Пилсам даргузашт аз пизишк.
Дили лашкари шоҳи туронсипоҳ
Шикаста шуду тира шуд размгоҳ.
Хурўш омад аз лашкари ҳар ду рўй,
Деҳудори гурдони пархошҷўй.
305 Хурўшидани кўс бар пушти пил
Зи ҳар сў ҳаме рафт то чанд мил.
Замин шуд зи наъли сутурон сутўҳ,
Ҳаме кўҳ дарё шудӣ, дашт кўҳ.
Ҳама санг марҷон шуду хок хун,
Басе сарваронро сар омад нагун.
Ту гуфтӣ ҳаме хун биборад сипеҳр,
Падарро набуд бар писар ҷои меҳр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё