Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳаме буд як моҳ меҳмони ўй,
Бад-он сар чунин буд паймони ўй.

Зи хўрдан наёсуд як рўз шоҳ,
Гаҳе руду май, гоҳ нахчиргоҳ.

Сари моҳ бархост овози кўс,
Бад-он гаҳ ки хезад хурўши хурўс,

Биёмад сўи подшоҳии хеш
Сипоҳ аз паси пушту Пирон зи пеш.

1680 Бад-он марзбум-андар огаҳ шуданд,
Бузургон ба назди шаҳаншаҳ шуданд.

Ба коми дил аз ҷой бархостанд,
Ҷаҳоне ба оин биперостанд.

Аз он подшоҳӣ хурўше бихост,
Ки гуфтӣ замин гашт бо чарх рост.

Зи бас ғулғулу нолаи каррной
Ту гуфтӣ ҳаме дил биҷунбад зи ҷой.

Ба ҷое расиданд, к-обод буд,
Яке хуб фархундабунёд буд.

1685 Ба як сўш дарё, ба як сўй кўҳ.
Ба як сўй нахчир дур аз гурўҳ,

Дарахтони бисёру оби равон,
Ҳаме шуд дили солхўрда ҷавон.

Сиёвуш ба Пирон забон баркушод,
Ки «Инат бару буми фаррухниҳод

Бисозам ман эдар яке хуб ҷой,
Ки бошад ба шодӣ маро дилкушой.

Барорам яке шорсони фарох,
Бад-ў андарун боғу айвону кох.

1690 Нишастангаҳе барфарозам ба моҳ,
Чунон чун бувад дархури тоҷу гоҳ.»

Бад-ў гуфт Пирон, ки «Эй некрой,
Бад-он рав, к-ат андеша ояд ба ҷой.

Чу фармон диҳӣ, ман бар он сон, ки хост,
Барорам яке ҷой то моҳ рост.

пешина
аз 234
навбатӣ