Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вайрон кардани Рустам Туронзаминро

455 Барангехт дилорамида зи ҷой,
Таҳамтан ҳамон кард, к-ў дид рой.

Ҳама ғорату куштан андаргирифт,
Ҳама буму бар даст бар сар гирифт.

Зи Туронзамин то ба Суқлобу Рум
Надиданд як марзи ободбум.

Ҳама сар буриданд барнову пир,
Зану кўдаки хурд карданд асир.

Баромад зи кишвар саросар димор
Бар ин гуна фарсанг беш аз ҳазор.

460 Ҳар он ҷо, ки буд меҳтаре богуҳар
Ҳама пеш рафтанд бар хок сар,

Ки безор гаштем з-Афросиёб,
Нахоҳем дидори ўро ба хоб.

Аз он хун, ки ў рехт бар бегуноҳ,
Касеро набуд андар он рою роҳ.

Кунун анҷуман гар парокандаем,
Ҳама пеши ту як ба як бандаем.

Чу чира шудӣ, бегунаҳ хун марез,
Макун бо ҷаҳондор Яздон ситез.

465 Надонад касе к-он сипаҳбад куҷост?
Дуруст аст, ё дар дами аждаҳост?

Чу бишнид гуфтори он анҷуман,
Бупечид бино дили пилтан.

Саронро зи лашкар саросар бихонд,
Сипаҳ сўи Қочорбошӣ биронд.

Шуданд анҷуман пеши ў бихрадон,
Бузургони корозмуда радон,

Ки Ковуси бефарру бепарру пой,
Нишастаст бар тахт бераҳнамой.

470 Гар Афросиёб аз раҳе бедиранг
Ба Эрон яке лашкар орад ба ҷанг,

Биёбад бар он пир Ковус даст,
Шавад кому ороми мо пок паст.

Якояк ҳама ному кин тўхтем,
Ҳама шаҳри ободи ў сўхтем.

Кунун назди он пирхусрав шавем,
Чу базм оядаш, ҳар яке нав шавем.

Куҷо солиён андаромад ба шаш,
Ки нагзашт бар мо яке рўзи х(в)аш.

пешина
аз 234
навбатӣ