БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

андешаи раҳбонӣ ва вижагиҳои ирфони сомӣ, ки ҳақиқати ислом онҳоро мункир асту дар замонҳои мухталиф ғолибан аз масеҳият бар муслимин таҳмил ёфтааст, бузургтарин омили заифии ҳувиятҳост. Агар пояи асосии тақвияти ҳувиятро дар муҳити иҷтимоӣ баррасӣ кунем, пас каноргирии таҳмилӣ аз иҷтимоъ инсонро хоҳу нохоҳ ба дунёбадбинӣ меорад, чунки густариши ҳувиятҳо дар муҳити иҷтимоӣ анҷом мепазиранд ва гӯшагирӣ аз он оқибат эҳсоси дунёбадбиниро дар тафаккури инсон ҷойгузин хоҳад кард.
Дунёбезорӣ бошад, бешубҳа, маҳвкунандаи ҳувиятҳост. Дар айни ҳол, дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз вижагиҳои фарҳанги динӣ ба унвони гироиш ба асолати замони зуҳур ва паҳншавии дин истифода карда, рушди дунявии ҷомеаҳоро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои худ номақбул медонанд. Бинобар ин, ин фирқаҳо дар муносибат бо фарҳанги миллӣ инзиворо ихтиёр карда, ҳар гуна ҷашну анъанаҳои аз дидгоҳи худ моил ба бединиро мункир мешаванд, вале ҳадафи асосӣ рад кардани навсозӣ ва навоварист, ки низоми давлатиро барои такмилёбӣ омода мекунад. Инзиво мафҳумест, ки ба раҳбонӣ дахолат дошта, навъе аз таҳияҳои сиёсист, ки афроди манфиатҷӯ бо роҳандозӣ шудани он ҳадафҳои муғризонаро пеш мегузоранд. Дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф тантанаи ҷаҳонбинии динӣ бар ҷаҳонбинии илмӣ ва дар асоси бовариҳои динӣ ва эътиқод баррасӣ шудани ҳувият мушоҳида мешавад, ки омили асосии инҳитоти фикрӣ ва монеаи бузурге дар роҳи ташаккули ҳувияти фарҳангӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё