Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Рисолати таърихии фарҳанг низ аз он иборат аст, ки инсонҳоро новобаста аз мансубияти милливу иҷтимоияшон аз ҳақиқати нуҳуфта воқиф намуда, онҳоро аз сатҳи ҷонвари гӯё ба сатҳи инсони бохабар аз таърихи тамаддуни ҷаҳон расонад. Аз ҳамин хотир,таҳқиқи осор ва афкори фарҳангӣ фақат ба тамаддуне хос нест, чунонки дигар тамаддунҳо низ ганҷи бебаҳои башарият аст ва ҳамаи инсонҳо ҳақи ошно шудан бо афкори ҷаҳониро дар баробар бо дигарон доранд, аммо риҷолдуздӣ ва фарҳанграбоӣ аз махсусиятҳои милали мукаммал маҳсуб намеёбад, балки ин хусусият танҳо хоси қавмҳоест, ки ба иллати надоштани фарҳанги миллӣ аз тамаддунҳои сатҳи ҷаҳонӣ пайравӣ мекунанд ва талош меварзанд, ки бархе аз нозукиҳои онро аз худ бинмоянд, агарчи бадавият алҳол аз лавҳи хотири фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳон зудуда нашудааст ва хирабинӣ низ дар ашколи гуногун дар замони мо баъзан ҳувайдо мегардад, чунки ҷанг рукни фарҳанг набуда, балки нобудкунандаи тамаддун аст.
Миллали дунё дар ҳоли ҳозир ҷиҳати гузаштаи ниёкон ва чигунагии фарҳанги онон назари мухталиф доранд. Тоҷикон чун миллати мутамаддин дар тули беш аз ҳазор соли ахир ба ғайри худ эҳтиёҷ надоштаанд ва бинобар доштани тамаддуни мукаммал ғайри худро аз худ надонистаанд, аммо бо гузашти айём дар аксар маврид мушоҳида мекунем, ки бегонагон бархе аз ниёи моро аз худ кардаанд.

пешина
аз 303
навбатӣ