Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Бар хилофи ин андеша, боз тафаккуре ҳануз аз замонҳои бостон то кунун дар шаклҳои мухталиф матраҳ мешавад, ки инҷониб онро фикри сомӣ муаррифӣ мекунам. Тибқи вижагиҳои хос, ин андеша ғолибан, дар китобҳое чун “Забур”, “Таврот”, “Инҷил” ва то ҳадде дар гуфтору рафтори муслимин низ баррасӣ ёфта, пояи асосии он таҳти унвони “раҳбоният” барои башар таҳмил ёфта ва мегардад. Хусусияти ин тарзи тафаккур ғайри дунявист ва дар солшумории масеҳӣ беш аз 2000 сол инҷониб ба “тарки дунё” даъват ба амал оварда, хилватгузиниро роҳи дурусти худошиносӣ муаррифӣ менамояд. Тибқи андешаи ориёӣ, инсон чун махлуқи Яздон дар таъини сарнавишти хеш ихтиёр дошта, бо дарназардошти худогоҳии инфиродӣ зиндагиро худ ба нақша мутобиқ месозад. Дар сурати аз хеш дар ғафлат қарор доштани башар бо дарназардошти чунин тарзи тафаккур, ки ба дунё дар баробари охират ниёзи башарро иқрор кардааст, инсон ба дигарон имкон медиҳад, ки дар сарнавишти вай дахолат дошта бошанд.
Андешаи сомӣ дар ин маврид чунин аст: инсонро Худо офарид то ӯ холиқи худро бишносад, аммо ин ки мо оқибат мемирем ва ба сӯйи паврвардигор бармегардем, беҳтар он аст, ки дунёро тарк кунем ва лоаққал, дар дунё хилватгузиниро пеша намоем.

пешина
аз 303
навбатӣ