Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Дигар омили тақвият ёфтани ҳувияти фарҳангӣ ва ҳифзи анъанаҳо дар ҷаҳони муосир тавассути муосирсозӣ кам кардани он тафовутест, ки байни ҷомеаҳои тавсеаёфта ва рӯ ба инкишоф вуҷуд дорад, аммо татбиқи он агар каме беаҳамияӣ нисбат ба фарҳанги миллӣ бошад, оқибат дардҳои мухталифро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда, боис ба инҳитоти арзишҳои маънавӣ хоҳад гардид. Кишварҳои рушдкарда ҳувияти фарҳангии хешро бартар дониста, дар садад ҳастанд, ки онро бар дигарон таҳмил кунанд ва ҷиҳати роҳандозии он ҳатто маблағҳои гӯшношуниде сарф менамоянд то ки дигар ҷомеаҳо, ки рӯ ба инкишоф доранд, модели онҳо гарданд, аммо истиқболи он фарҳангҳои таҳмилӣ барои миллатҳои ҳануз тавсеанаёфта маҳви фарҳанги миллӣ аст. Аз ҳамин хотир, аз масъалаҳои басе ҷолиб дар замони муосир ба ворисият бурдани мероси фарҳангии гузашта аст, ки аҷдоди мову шумо онро офаридаанд.
Фарҳанг арзише тақвиятёфта аст, ки роҳҳои ба ворисият додани онро аз насле ба насли дигар дар бар мегирад. Бинобар ин, тоҷикон меросбари фарҳанги ғанӣ ҳастанд, ки бо вижагиҳои мухталиф то кунун ба ёдгор монда, тавассути муҳтаво ва шаклгирии давраҳои гуногун дар хотираи фарҳангӣ маҳфуз мондааст.

пешина
аз 303
навбатӣ