БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад”159.
Ба қавли файласуфи тоҷик Усмонзода Х.У., “фарҳангҳо на танҳо гузаштаву ҳозираро дарбар мегиранд, балки барои ояндагон низ ба мерос расида, сарнавишти минбаъдаи қавму миллатро муайян мекунанд”160. Мавсуф муътақид аст, ки фарҳангҳоро инсон меофаринад ва ин созандагӣ хусусияти тадриҷӣ дорад. Аммо тафаккури созандаро эҳтироми гӯшношуниде ба гузаштаи хеш маҳв месозад, чунки фард ҳамаи ормонҳои дарунии худро дар гузаштаи аҷдодӣ мебинад ва барои ӯ ақли созанда тадриҷан бо фарогирии мероси хаттии ниёкон оқибат ба хотири ҳифзкунанда табдил хоҳад ёфт. Фарҳанги мо бошад, бо гузаштаи хеш ифтихор дорад ва чун сухан аз таҳқиқ оғоз гардид, муҳаққиқон ғолибан ба шарҳу тафсири фарҳанги гузаштагон мепардозанд. Усмонзода низ тамоили мазкурро зикр намуда, ин ҳарфҳоро иқрор кардааст: “Омӯзиши ин масъала моро ба он рӯ ба рӯ месозад, ки дар
159 Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор, - Душанбе: Эр-граф, 2016, - с.
333.
160 Усмонзода Х.У. Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирият, - Душанбе: Дониш, 2020, - с. 166.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо