Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

инъикос менамояд, аммо дар асли хеш ҷашни
хуҷаста бештар ба аносире иртибот доштааст,
ки илми фалсафа онро метафизика ном
бурдааст. Яъне, тозакории ботинӣ ва зоҳирӣ
асли Наврӯзи замони Ҷамшед аст ва ҷаҳиш аз
алангаи оташ беш аз пеш ба самти дувуми
тозакории наврӯзӣ мусоидат мекунад. Дигар ин
ки дар Наврӯз инсонҳо ба якдигар ҳадяҳо
тақдим менамуданд, аммо тақдими мавод ба
ғайри худ ва бегона ба ин маъност, ки фарди
ҳадяпазир эҳтироми шуморо нисбат ба хеш
истиқбол мекунад ва ҷавобан ба ин иззати
шуморо изҳор менамояд. Имрӯз низ тамоили
ҳадядиҳӣ афзудани меҳрро дар қалби инсонҳо
бозгӯ мекунад. Чаро ақвоми ориётабор қабл аз
фарорасии Наврӯз мавзеи иқоматии худро
тозакорӣ карда, маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ
набударо ба партовгоҳ мепартофтанд? Ҳамаи ин
анъанаҳо эҳёи маънавии ориёҳо буд, бинобар
ин, ин ҷашн новобаста аз фишору тазъиқ ва
тӯҳмату бадгӯиҳои муслимини асримиёнагӣ то
имрӯз идома ёфта, дар осори хаттӣ мавриди
баррасӣ ва пажӯҳишҳои мухталиф қарор
гирифтааст. Аз он ки кутуби луғот вожаи
"фарвардин"-ро моҳи сари сол гуфтаанд ва
Наврӯз рӯзи аввали ин моҳ аст, пас дар ин маврид
тамоми муҳаққиқон иқроранд, ки Наврӯз ба
сифати ҷашн ба рӯзи аввали моҳи фарвардин
баробарӣ дорад, чӣ Ҳурмуз номи рӯзи аввал аст аз ҳар моҳи шамсӣ.

пешина
аз 303
навбатӣ