БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Масалан, барпо намудани ҷашнҳои идулфитр ва қурбон, баргузории маъракаҳои афроди равоншод, ки бо ибтикори ашхоси рӯҳонӣ роҳандозӣ мешаванд ва бар ҳамагон бармалост, ки эшон аз ин маъракаҳо манфиат мебинанд, аммо дар чунин анъанаҳои маснӯӣ ҷойи фарҳанги ниёгон бефарҳангӣ мушоҳида мешавад ва маълум мегардад, ки анъанаҳои зиёновари бебаҳра аз фарҳанги миллӣ низ аз ҷониби шаҳрвандон посдорӣ мешаванд. Ба ибораи дигар таҳмил шудани анъанаҳои бесуд дар давраҳои гуногуни таърихӣ миллати моро аз арзишҳои фарҳангӣ дур андохтааст. Бинобар тамоили омезиш ва баҳамоии фарҳангҳою тамаддунҳо фард дарк нахоҳад кард, ки кадом вижагиҳо бар ӯ таҳмил шудаанд ва кадом хусусиятҳо бар ӯ аз ниёкон мерос мондаанд?
Муҳаққиқони замони бостон дар ин ақидаанд, ки бо вуҷуди ғасб намудани сарзамини аҷдодии мо ба Искандари Румӣ муяссар нашуд, ки фарҳанги юнониро ба ақвоми эрониасл бор кунад, агарчи дар сарчашмаҳои исломии асримиёнагӣ аз Искандари ғосиб шахси адлпеша сохтанд, дар ҳоле ки нобудкунандаи мероси хаттии бостонии мо маҳз ҳамин Искандар буд. Ақидаи дигар басе маъмул гардидааст, ки омили зуҳур кардани мутафаккирони сатҳи ҷаҳонӣ аз миёни тоҷикон чун Бӯалии Сино, Берунии Хоразмӣ, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ва дигарон аз пайравии эшон ба ислом бархостааст, дар ҳоле ки Берунӣ омили асосии азбайнравии мероси илмии мансуб ба хоразмиёнро дар бефарҳангии афроди ғосиб таҳти сарварии Қутайба ибни Муслим медонад ва аҳволи паноҳандагии Ибни Сино низ бо дарназардошти оворагии ӯ таассуб ва розҷӯии муслимини давр будааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо