БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ин гуна баррасиҳои илмӣ низ гувоҳ аз бархурдҳои зеҳние ҳастанд, ки шаҳрванди кишвар ҳамеша бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад.
Бинобар ин, барои фарди зиёӣ ду андеша падидор мегардад, ки яке асолати нажодӣ (ориёӣ) ва эҳёи фикри миллист, ки замони ҳукумати араб ва соири ғосибони сарзамини аҷдодии мо дар шаклҳои таҳмилхӯрда пешниҳод шудаанд. Дувумӣ буридан аз фарҳанги ориёӣ ва пайвастан ба бегонагироӣ аст, ки моро дар муқобили худ вомегузорад, яъне мо барои истиқболи партовҳои Ғарб чун интиқоли инқилоби исломӣ ва бозгашт ба аҳди муслимини садри ислом бо дарназардошти роҳандозӣ шудани давлати воҳид ба унвони “Хилофати муслимин” кӯшиш бояд кунем, ё худ ҳадди аққал пайравӣ аз дини арабро идома дода, таърихи пешазисломиро лағв мекунем, ки мутаассифона ҳеҷ миллате ё қавме то кунун аз баҳри мероси маънавии гузаштагон даст набардоштааст. Ақвоми асримиёнагӣ, ки бештар ба фарҳангҳои барояшон бегона рӯ овардаанд, дар ҳоли бадавияти нимаваҳшӣ қарор доштанд ва барои онҳо пайгирӣ кардани фарҳанги бегона роҳи наҷот ва ягона заминаи рушд маҳсуб мешуд. Зимни таҳқиқ ҳеҷ фарҳангеро намебинед, ки аносири бегона надошта бошад, ҳар фарҳанги зинда ва муосир бо мо бо фарҳангҳои дигар махлут ёфта, дар пояи табодул бо ғайри худ омезиш ёфтаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо