Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

фалсафӣ то кунун истиқбол мегардад, чунки ҳар шайъ, ки диданӣ нест, барои шинохтан эҳтиёҷ пайдо мекунад ва фақат диданиҳо андоми зоҳирии шайъ маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, муҳаққиқ аз тафаккури ориёӣ ин фикри бикрро иқтибос кардааст: “Нодонӣ, зулмот – роҳи таҳаввул аст”166.
Тибқи баррасии масоили фалсафӣ дар “Ригведа”, ки аз зумраи интишороти ориёӣ аст, “нодонӣ” зулм аст ва инсон дар як сурат инсон номида мешавад, ки фаҳмиши инфиродӣ дошта бошад. Дар сурати дарк накардани шайъ инсон аз соири ҷонварон мутафовит нест ва чун сутур баррасӣ мешавад. Шояд ҳамин омил аст, ки Музаффарӣ ҳини таҳқиқи ҳикмати ориёӣ ба якчунин хулосаи дақиқ меояд ва мефармояд:
“Зӯроварӣ хоси табиати ҳайвонӣ аст”167.
Афкори ориёӣ чунонки аз манобеъи мухталиф бармеояд, алорағми тафаккури раҳбонӣ, ки ба гӯяндагони забони ибрӣ тааллуқ доштааст, ё амиқтараш бархурди андешаи ориёӣ бо ақидаи сомӣ аз дерзамон аз омилҳои тақвият ёфтани тамаддуни башар маҳсуб мешавад.
Новобаста аз ин ки китоби Зартушт бо унвони “Апастак” чандин маротиб аз сӯйи ғосибони кишвари ориёиҳо нобуд гардид, аммо ниёкони

166
Музаффари М. Системная антропология, - с. 54.

Ҳамон ҷо, с. 93.

пешина
аз 303
навбатӣ