БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Дар номаи дифоъ аз ҳуқуқи Зартушт,
ки “Абасто” маҳсуб мешавад, барпо кардани
оила барои марду зани ҷавон зарур арзёбӣ шуда,
низоми хонаводагӣ дар беҳбуд гардидани вазъи
иҷтимоӣ тазаккур ёфтааст. Ба ибораи дигар,
никоҳи марду зани ҷавон ва аз синни 15-сола
боло дастгирӣ меёфт ва ин ки бархе аз
муҳаққиқини Эрони бостон бо такя бар
манобеъи сохташуда никоҳи маҳоримро дар дини
Зартушт дуруст пиндоштаанд, боис ба тааҷҷуб
мебошад, чунки никоҳи маҳорим ва далелҳои
вуҷуд доштани он дар Эрони қадим фақат аз
таассуб ва эҳсоси нафрат алайҳи эрониён пайдо
шудааст. Ҳамаи сарчашмаҳое, ки никоҳ бо
модарро дар мисоли баъзе шоҳони Ҳахоманиш
ироа намудаанд, на танҳо бар оини Зардуштия,
балки бар тамаддуну фарҳанги ориёӣ нигоҳи
муғриз доштаанд ва хушунат дар ҳамоҳангӣ бо
ҳасад ононро кӯр сохтааст. Яке аз далоили
радкунандаи инчунин никоҳ боби 53-и ояти
панҷуми “Готҳо” мебошад, ки издивоҷро танҳо
ба марду зани бегона ҷоиз медонад: “Ба шумо
мегӯям, эй мардони домодшуда ва эй занони
арӯсшуда! Ҳамеша ҷуфти худро дар хотир дошта
бошед ва бо якдилӣ ва якҷиҳатӣ тариқаи поки
оинро раҳпаймо шуда, бо дасти иттиҳод ва
иттифоқ хешро мулаббас бо либоси ростӣ ва
ошӯӣ намоед, зеро ба яқин зиндагии саҳеҳ ва
орзуи шодмонӣ хоҳед дошт”. Дидгоҳи мутазаккир ҷиҳати вуҷуд доштани никоҳ бо модар ҳамон тӯҳматеро мемонад, ки афроди мутаассиб пас аз чандин садсола ба Маздак нисбат дода, номбурдаро бо он муҷрим медонистанд, ки дар дини овардааш занонро умумӣ кардааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо