Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Чаро? Чунки калидвожаи “адаб” дар осори Ҷомӣ ба ин маъност, ки асли ҳастии башарро муайян мекунад. Барои исботи ин фикр иқтибосе аз “Баҳористон” меорем, ки бар ин минвол аст:
“Адаб он аст, ки худро бишносӣ”. Дар ин сухани мӯҷаз, ки фикр ба таври конкрет изҳор шудааст, як ҷаҳон фалсафа ва ҳикмат ниҳон аст ва бидуни тардид метавон гуфт, ки ҳамаи таълимотҳои фалсафӣ ва аҳкоми дар динҳои мухталиф мавҷудбуда ҳадафи худро дар худогоҳӣ муаррифӣ намудаанд, яъне асоси онҳоро худогоҳии инфиродӣ ташкил мекунад, аммо Мавлоно Ҷомӣ алорағми ҳамаи суханварони дунё адабро ба худшиносӣ итлоқ медорад, дар ҳоле ки адаб дар осори бузургони қуруни гузашта ба ҳайси меъёре тасвир ёфтааст, ки хулқу атвори фардро дар ҷомеа инъикос менамояд.
Акбари Набипури Турсон аз афроди пажӯҳанда аст, ки бо дарназардошти системҳои мутафовит аз якдигар дар гузашта ва имрӯз фаъолияти илмӣ доштааст. Бавижа, чиҳил соли фаъолияти мавсуф ба замони Шуравӣ иртибот дошта, номбурда ғолибан, аз бархурдҳои Шарқу Ғарб беш аз пеш изҳори ёдоварӣ мекунад.

пешина
аз 303
навбатӣ