БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Масалан, тибқи маълумоти ҳасбиҳолие, ки дигарон овардаанд, Ҳусайни хурдсол Қуръонро ҳифз мекунад, аммо боре дидаед, ки мавсуф аз ин китоб бамавриду бемаврид истифода кунад? Такмили донишҳои фалсафӣ якест ва он ҳам инкори он андешаҳоест, ки қабл аз шумо эҷод шудаанд ва Ғарб дар замони мудерн танҳо бо истифода аз равиши мазкур андешаи ҷаҳонсозиро тақвият бахшида, дигаронро водор хоҳад кард, ки аз ҷомеашиносии Ғарб барои хеш иқтибос матраҳ намоянд. Оқибати ҷустуҷӯи миёнаравҳо бобати мавриди омӯзиш қарор додани равиши фалсафии Ибни Сино якест ва он низ мутлақбаёнӣ ва муаллақ мондани ҳарфҳоямон маҳсуб мешавад.
Ибни Синоро дар осмонҳо ҷустан намунаи олии бехабарӣ аст ва ин ки фарде муҳаққиқ гуфта ба ин минвол, ки бар “Арастуву Ибни Сино эътироз кардӣ, аз зумраи аҳли хирад таҷовуз хоҳӣ кард” (Низомии Арӯзии Самарқандӣ), гувоҳ бар мутлақбаёнӣ асту муаллақ мондани афкор ва гурез аз пажӯҳиши фалсафӣ муаррифӣ мегардад.
Ин тарзи тафаккур ҳамон баҳогузории хушку холиро ёдоварӣ мекунад, ки зимни санҷиши фалсафӣ суолгузорӣ мекунанд бидуни донистаниҳо: кадом муаллими аввал буду кадоме муаллими сонӣ шуд? Воқеан, ҳангоми пажӯҳиш

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо