БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

оламшумул анвоъи худогоҳиро табиӣ медонад ё ғайри табиӣ? Чунки истилоҳи табиат дар тафаккури ӯ сатҳи муайяни хирад аст ва ба таъбир аз осори барҷомондаи номбурда метавон хулоса кард, ки ҳаракат навъҳои табииву иродӣ дорад ва вижагиҳои ҳувият аз назари Ибни Сино ҳаракати иродӣ маҳсуб мешавад: “Ва агар ҷисми мутаҳаррик шуур дошта бошад ва тағйири ҳайизи ҷисми мутаваҷҷеҳунилайҳи худро дарк кунад, ҳаракат иродӣ хоҳад буд, на табиӣ”185.
Гузашта аз ин, Ибни Сино дар равиши фалсафии хеш ба маърифати нафс ва чигунагии он диққати махсус дода, вижагиҳои худогоҳиро тавассути нафс баррасӣ мекунад. Масалан, дар “Ҳикмати машриқия” ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ намуда, онро сабаби ҳастии бадан муаррифӣ мекунад.
Дар воқеъ, нестӣ аз ҳастӣ муқаддам аст ва ҳар кӣ ин ҳикматро пазируфт, бегумон маргро фақат нестии ҷисм медонад, чунки нафс нодиданисту ниёз ба шиносоӣ дорад ва чизе, ки идроки он ҷоиз нест, тавассути дигар ҳастии хешро идома медиҳад: “Нафс ба низоми муносиб нигоҳдорандаи бадан аст ва то даме, ки нафс дар бадан аст, ба он ба он тағйироти берунӣ ғолиб намеояд. Агар нафс набошад, бадан дар ҳолати
185
Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб (иборат аз 10 ҷилд), Ҷилди 3, -
Душанбе: Ирфон, 1985, - с. 118.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо