БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

иғвогарӣ метавон ӯро пойбанд сохт. Албатта
ҳама чиз суду зиёни худро дорад. Аз ҷумла илм
низ ва мо бисёр мушоҳида ҳам кардаем, ки
маълумоти дастрасшуда аз ду паҳлӯ иборат буда,
ҳар ду ҷониб истифода мешаванд, ки муҳтавои
инро дар бархурди илму дин дидан қобили қабул
мебошад. Аммо ихтирои таҷҳизоти барқӣ ва
ғайраҳо тибқи андешаронии муқаррарии бо
таассуби ғайриэътимоднок мусаллаҳгардида
шиддати майдони магнитиро афзоиш дода, ба
инсон дарди сар меоваранд, ё худ таъсири
манфии онҳо дар тандурустии одамон мушоҳида
карда мешавад. Масалан, бо роҳи технология
гарм кардани сард ва монанд ба онро аз як ҷониб
рушди ҷомеа пиндорем, бегуфтугӯ инчунин
пешрафт аз дигар тараф паҳлӯҳои зиёновари
худро барои башар дорад. Гузашта аз ин,
тавозуни меҳнати фикрӣ ва меҳнати ҷисмонӣ дар
асоси пешрафти илму техника аз меъёри
муқаррарӣ убур карда, афзалияти меҳнати фикрӣ
тавассути интернет, компутер ва амсолашон
инсонҳоро танбалу бераҳм месозанд. Ва чунин
андешарониро метавон идома дод, чунки дар
муҳити шаҳру русто бархурди ақидавӣ вуҷуд
дорад ва маҳз ҳамин бархурд сабаби рушд маҳсуб
мешавад. Аз ҳамин хотир, набояд ин тасодуми
фикриро аз байн бурд, чунонки болшевикҳо
карданд ва бузургтарин иштибоҳи онҳо низ
иборат аз ин буд, ки тасодумро дар фикрронӣ нест карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё