Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

худ баррасӣ созад. Ҳегел фақат файласуфе нест, ки ба даврони мудерн мутааллиқ аст, балки ӯ аввалин файласуфе маҳсуб мешавад, ки замони мудерн барояш мушкил эҷод кардааст”96.
Хабермас пас аз баҳогузориҳои хеш ба Ҳегел, ҷиҳати нақши Нитше ва Ҳайдеггер ба муосирият ҳусни оғоз мебахшад ва зимнан таъкид месозад, ки дувумӣ дар асл пайрави аввалӣ будааст:
“Нитше ҳадаф дошт, ки баҳси муосириятро аз худ дур созад. Аҳдофе, ки Нитше дунбол мекард, Ҳайдеггер ба дунболи ӯ аз тариқи як интиқоди куллӣ ба кумаки нобудии метафизики ғарбӣ талош меварзид”97. Лек машҳуртарин истилоҳ, ки аз замони Арасту то кунун мавриди истифода қарор гирифтааст, ин метафизика аст, ки дар мероси хаттӣ чун илоҳиёт баррасӣ мешавад, аммо Хабермас муосириятро аз замони клоссикӣ маҳз бо ҳамин истилоҳ мутафовит донистааст:
“Идеяи оғозу анҷоми метафизика потенсиали буҳронии худро бо шароити зер мадюн аст:
Ҳайдеггер монанди Нитше дар даруни тасаввури замонии муосирият ҳаракат мекунад. Огоҳии муосирият аз замон ба қавли Ҳайдеггер, оғози асри ҷадид бо вежагиҳое мушаххас мешавад,

96 Хабермас Ю. Философский дискурс о модерне, - М.: Весь Мир, 2003, - с. 13.
97 Хабермас Ю. Философский дискурс о модерне, - М.: Весь Мир, 2003, - с. 64.

пешина
аз 303
навбатӣ