Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ва «нечаевщина» дар мамлакатамон чӣ оқибатҳо овард, ба ҳама маълум аст.
Метавон гуфт, ки необолшевизм дар ҷумҳуриамон дар либоси демократҳо ҷилва дорад. Агар мо раъйдиҳии халқро эҳтиром надорем, пас чӣ ҳоҷат буд ба интихобот?
Яке аз суннатҳои демократия бар он аст, ки ақаллият фикри аксариятро эҳтиром дорад. Охир, ин якумин интихоботи умумихалқист. Оё оппозитсия таҳаммулкор буданашро собит карда метавониста бошад? Як чиз аниқ аст.
Ҷумҳурии мо ба як «катаклизм» -и дигар тоб оварда наметавонад. Оқибатҳои он даҳшатбор хоҳад шуд.
Аристотели бузург дар китоби машҳураш бо номи Полития (Сиёсат) овардааст, ки демократия бояд бо қонунҳо маҳдуд карда шавад. Вагарна ба охлократия табдил меёбад. Агар демократия мазмуни ҳукмронии халқро дошта бошад, охлократия маънии ҳукмронии издиҳомро дорад. Қувваҳои сиёсии ҷумҳурӣ ва парлумон бояд ҳаминро дар назар дошта бошанд. Агар ҳар як қувваи сиёсӣ издиҳомро ба майдон барораду фикрашро гузаронад, дар он сурат охлократия мутлақ яке аз шаклҳои хатарноктарини ҳокимият ҳукмрон хоҳад шуд.
Душанбе, феврали с.1991

СОҲИБИХТИЁРИИ ДАВЛАТӢ
ВА ОЗОДИҲОИ ДИНӢ

Ҷаҳон дар остонаи ҳазораи се бо роҳҳои мураккабу печида инсониятро ба сўи ояндаи пурасрор ҳидоят менамояд, ки шинохту пешбинии ҳодисоти он ба баргузидатарин ашхоси илмии даврони нав ба осонӣ ба даст намеояд.
Ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсилаи пошхўриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлолияти давлатҳои миллӣ зояндаи як сиёсату як мафкура буда, пошхўрию парокандашавиро барои қисмате аз кишварҳо ва муттаҳидию ваҳдатро ба иддаи дигари давлатҳо чун ҳодисоти тазод рўи харитаи ҷаҳон овард.

пешина
аз 601
навбатӣ