Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин самт душворию монеаҳои назаррас моро чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷ думболагир буд. Мушкилиҳо дар бештари мавридҳо омехта буда, аз мардуми Тоҷикистон ҳамеша ҳушёриро талаб мекард. Тоҷикистон таҳти сарварии роҳбари хирадманд Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба даъватҳои бузурги таърихӣ, ки аз ҷавоби он ҳастии миллат ва давлати тозаистиқлол вобастагӣ дошт, сари вақт ҷавоби дақиқ медод. Буданд онҳое, ки аз дохил ва хориҷ ба дурнамои кишвар ба шубҳа менигаристанд, вале тинати пок, дили соф ва нияти неки Роҳбари давлат зина ба зина мушкилиҳои миллату давлат ва имтиҳонҳои таърихию сунъиро паси сар мекард.
Нахустин ва асоситариин даъвати таърихӣ, ки мебоист ба он ҷавоб медодем, ин суоли барномавии мардуми кишвар ва ҷаҳониён доир ба муаррифии хеш ва мақсаду мароми имрўзу ояндаи мо буд.
Мо кӣ будем ва чӣ мехостем – саволи асосие буд, ки ҳам сарнавишти миллат ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавоби онро аз мо интизорӣ доштанд. Аз ҷавоб ба ин савол будан ва ё набудани мо низ аз бисёр ҷиҳат вобастагӣ дошт.
Дар назар чунин менамояд, ки муаррифии миллат ва давлат кори саҳл буда, инъикоси мақсаду ормони он низ душворие надорад. Аммо ин ҳаргиз чунин нест. Муаррифӣ барои миллате, ки қариб ҳазор сол ба вартаи бедавлатӣ гирифтор буда, таҷрибаи идоракунии мустақилро доро набуда, фарзандони асилу шўҳратмандаш дар устуворгардии қавмҳои мухталиф нақш дошта, дар бунёди давлати мустақили хеш ба ҳайси як узви томи сиёсӣ ва иҷтимоӣ боре ҳам накўшидаанд, кори саҳл набуд.
Гузашта аз ин, мо дар даст аз дастовардҳои таърихию фарҳангӣ қариб чизе надошта, ёдгориҳои аслии таърихию фарҳангии мо намоишгоҳҳои кишварҳои хориҷро зеб медод.

пешина
аз 601
навбатӣ