ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бо ҷашнвораҳои бузурги 3000 солагии тамаддуни ориёӣ, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии шаҳри Кўлоб, 1100 солагии давлати Сомониён ва дигар ҷашнвораҳои таърихӣ мо ба эҳёи решаҳои таърихии миллат ноил гаштем. Хоҳишу ормони миллати хешро дар Қонуни асосии кишвар ба гунаи як давлати иҷтимоию адлпарвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тарҳрезӣ намуда, роҳи таърихии инкишофи давлатро барои ояндаи наздику дур муайян сохтем.
Худшиносии миллии мо ҳамчун заминаи бунёди мафкураи миллӣ ва давлати миллӣ аз ибтидо бо бемориҳои мухталифи шаклҳои ҳамзистии иҷтимоӣ мубтало гашта, тадриҷан ба худшиносии динии мардуми кишвар бархўрд. Айни замон худшиносии динӣ дар кишвари мо дуруст ташаккул ёфта истодааст, зеро худшиносии миллӣ ва динӣ ду омили муҳими фарҳанги миллат ва халқ аст, ки ба истиқлолияти сиёсӣ, соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати шаҳрвандони кишвар мусоидат менамоянд. Худшиносии миллӣ ва динӣ танҳо дар сурате метавонанд чунин вазифаи муҳимро иҷро кунанд, ки агар дар атрофи арзишҳои олии манфиатҳои умумии давлат ва мардуми Тоҷикистон тавлид гардида муттаҳид шаванд. Боиси таассуф аст, ки дар баъзе мавридҳо худшиносии динии мо ҷанбаҳои манфӣ пайдо карда, ба ҷараёни бозсозии ҳувияти миллӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Аз ин хотир Президенти мамлакат борҳо таъкид карданд, ки ҳеҷ кас ҳаққи ба масъалаи муносибати дину миллат яктарафа баҳо доданро надорад. Манфиати мутақобилаи миллат ва дин бояд шинохта шавад. Бархўрдҳо бояд бо роҳи мусолаҳат дар доираи манфиати мардум ва сохибихтиёрии кишвар ҳалли худро ёбанд. Эҳёи арзишҳои динӣ бо тамоми шаклҳои ба миллати мо хос, ҳамчун қисми таркибии масъалаи эҳёи фарҳанг ва андешаи миллӣ бояд дар ҳамбастагӣ арзёбӣ гардад. Ба ифроту тафрит дар ин масъалаи нозук гаравидан оқибати ислоҳнопазир дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё