ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Воқеан, ҳамин тавр ҳам шуд. Ин на шикасти Сомониён, балки шикасти таърихи сеҳазорсолаи давлатдории форсҳо дар Тўронзамин буд... Хомўшии мардуми Бухоро, бетарафии сокинони тоҷикзабони Мовароуннаҳр ки аз худшиносию ватандўстӣ маҳрум шуда буданд, сазои ин амалро дар муҳлати қариб ҳазор соли оянда бо тамоми вазнинию нобасомониҳояш ба фарзандону наслҳои ояндаи ин минтақа ба мерос гузошт. Хатогии асосӣ - сари интихоби роҳ ва арзишҳо буд.
Албатта, бедодгарии Сомониён он замон, бори вазнин шуда буд, вале ин ҳама дар назди бедодгариҳои баъдӣ ҳеҷ буд, ки касе инро дарк карда ҳам наметавонист...
Кўшишҳои беназиру каҳрамононаи Муҳаммад Исмоили Бухороӣ дар ҳифзи тамаддуни исломӣ, идеяҳои олии башардўстии Мавлонои Балхӣ, ақидаҳои волои назарияи идоракунии инсондўстонаи Низомулмулки Тўсӣ, ташвиқи табақаҳои меҳнатии Носири Хисрав, тарбияи илмомўзӣ, ҷавонмардӣ ва муҳаббатварзии Низомии Ганҷавӣ, маърифати ирфонии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ғазалиёти ишқӣ ва панду насиҳатҳои одамгаронаи Шайх Саъдӣ, нолаҳои ҷонгудози дар ғурбат афтодаи Хоҷа Камол ва дигар дастовардҳои абарқудратони форсигўй, ки ба тарғиб, ташвиқ ва ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ машғул буданд, ба осиёби илми ҷаҳонӣ, маърифати ҷаҳонӣ ва инкишофи таърихи умум об рехта, имконияти ҳифзи манфиатҳои миллати форсигўй - тоҷиконро аз мадди назар дур монда буданд.
Онҳо он қадар дар паҳноҳои васеи инсоншиносӣ парвоз мекарданд, ки ҳатто ба кушудани маънии васеи ҳадиси паёмбари ислом (с): «мардумро дўст доштан осон аст, ҳамсояро дўст доштанро ёд гирифтан лозим» вақт надоштанд.
Садои Фирдавсии бузургвор, ки аз гўшу хаёли ҳокимони маҳаллӣ дур буд, таҳлили хоссаро талаб менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё