ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бавижа, эҳёи дубораи таълимоти Имоми Аъзам ҳамчун роҳи мадоро ва оини ақлонӣ, бузургдошти 1310 - умин солгарди ин шахсияти бузурги таърихӣ худ як саҳифаи дурахшони рушди фарҳанги динӣ ва миллии халқи Тоҷикистон буд. Тарҷума ва чопи тоҷикии Қуръони карим бо забони фасеҳи тоҷикӣ ва дигар асарҳои бузургони форсу тоҷик як сипари боэътимоди ҳимояи исломи муосир аз ҷараёнҳои ифротӣ ва номатлуби динӣ буд.
Хизматҳои беназири Роҳбари давлати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ қадршиносӣ намуда, номи ўро дар қатори 500 нафар фарзанди барўманди уммати исломӣ, ки ба ислом хизмати арзанда кардаанд, ворид намуд. Албатта, кору пайкори ислоҳотгаронаи Роҳбари давлати Тоҷикистон, ки тайи солҳои вазнини бунёди давлати миллӣ дар муносибат ба дин ва эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ тарҳрезӣ шуда, дар ҳифзи асолату тозагии мазҳаби Имоми Аъзам хизмат кардаанд, зарурат ба таҳқиқи илмӣ ва китобҳои ҷудогонаро дорад. Имрўз мо вобаста ба имкон ва фурсат, ҷиҳати осон намудани кор дар шинохти сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва эҳёи арзишҳои миллӣ чанд гузориш ва суханрониҳои бунёдгузори давлати миллии тоҷиконро дар ин маҷмўа гирд овардем. Мо ин арзишҳоро ҳамчун сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида ва василаи муассири тарбияи инсони комил мепазирем, ва умед дорем, ки онҳо ҳама дар роҳи худшиносию худошиносӣ ба мардум чун чароғи роҳнамо хизмат намуда, ҳамчун гулчини андешаҳои пурғановат дар шинохти дурусти сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ба мардуми рўшанфикри Тоҷикистони навин хидматгузор хоҳад буд.
Душанбе, с.2001
Мақола дар ҳамкорӣ бо олимони варзида Холиқов А.Ғ.
ва Саидов С.А. омода шудааст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё