Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрўз ба қавле ҷавонӣ ҳам рафту зиндагӣ низ ба чашм ба ранги дигар метобад. Рўдакӣ гуфта буд, ки ”Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир” ва аз ҳамин чашмандоз ман барои худам хулосае баровардаам, ки илм бояд боамал бошад. Аз ин рў барои ҷавонон аз номи шоир мегўям:
Чи суд аз он, ки китобхонаи ҷаҳон аз туст, На илм ҳар чи амал мекунӣ ҳамон аз туст.
-Сипос барои мусоҳибаи пурмўҳтаво

24 октябри 2018. ”Минбари халқ”
САИДУМРОН САИДОВ
ТАРҶУМАИ ҲОЛИ МУАЛЛИФ

Саидов Саидумрон Ғаниҷонович, адабиётшинос ва журналист, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Саидов Саидумрон 31 октябри соли 1968 дар Ҷамоати деҳоти Ёваи Бобоҷон Ғафурови вилояти
Суғд таваллуд шудааст. Факултети таъриху филологияи тоҷики Институти педагогии ба номи С.М.Киров (имрўза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров)-ро соли 1992 бо дипломи сурх ба итмом расонидааст. Солҳои 1987-
89 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ дар шаҳри Маскав хидмати Ватанро адо кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1992 ҳамчун муаллим дар кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров оғоз карда, соли 1996 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Фарҳангҳои тафсирии асрҳои ХІ-ХIV ва масоили нақду тасҳеҳи мутуни адабӣ» профессор Абдулманнон Насриддинов дифоъ кардааст. Солҳои 1996-2007 муҳаррир, сармуҳаррир ва директори Телевизиони ҳафтуми шаҳи Хуҷанд, сармуҳаррири ШТР СМ-1, директори барномаҳо ва сардори Идораи Телевизион ва радиои вилояти Суғд шуда кор кардааст. Аз соли 2007 то 2014 сардори Муассисаи давлатии Қасри Ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ буд. Наздики ду сол дар вазифаи Раиси Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда, дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоат саҳм гузошт. Солҳои 2015- 2017дар вазифаи сардори Раёсати илм ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кардааст.

пешина
аз 601
навбатӣ