Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

“Ганҷи сухан” бо ибтикори устод ва дастгирии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳӣ ба маҳфили сайёр табдил ёфт, ки нишастҳои он дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо навбат, баргузор мегардад. Дар маҳфилҳо адибону муҳаққиқони маҳалҳо имкон пайдо мекарданд, ки бо донишмандону адибони маркази вилоят аз наздик мулоқот намоянд ва сўҳбатҳои судманд баргузор созанд.
-Саидумрон мебинам, ки тавассути васоити ахбори омма пайваста дар баробари мақолаҳои адабиву фарҳангӣ нигоштаҳои Шумо дар мавриди сиёсат ва амният интишор мешавад ва дар ин самт низ Шумо соҳиби ақидаи мустақил ва андешаҳои ҷолиб мебошӣ...
-Дар ҷомеа буда аз дарду ғами он барканор будан ин аз рўи адолат нест. Аҳли адаб ва иму фарҳанг бояд дар ҳар маврид мавқеи сиёсии худро дошта бошанд.Махсусан дар замоне,ки ҷаҳон аз аз хушунат, тероризм ва экстремизм ба дод омадааст. Имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи амнияти кишвар ҷоннисориҳо менамоянд ва дастгирии мавқеи сарвари давлат барои ҳар як нафар зиёи фарз аст. Аз ин рў тавассути расонаҳо пайваста фикру андеша ва пешниҳодҳоямро барои беҳдошти вазъ баён месозам.

  • Ба хотирам мерасад, дар ҷавонӣ, ки ҳанўз худ щогирд будем бо шўхӣ ва лутф ин байтро зам-зама мекардед:
    «Мўи сафедро фалакам ройгон надод, Ин риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам». Имрўз, ки воқеъан ин асари риштаҳои ба нақди ҷавонӣ харида сари моро ороиш медиҳад ва худ низ аз пояи шогирдӣ ба мартабаи устодӣ расидаед, ба щогирдони худ, ки роҳи душвор, вале пурифтихори илмро интихоб намудаанд, чӣ гуфтанӣ доред?
    -Бахтиёрҷон, ин умр ин қадар зудгузар будааст. Дирўз буд ки дар донишгоҳ дарс мехондему ғарқи шавқу завқи ҷавонӣ будем.
пешина
аз 601
навбатӣ