Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

КИТОБИ ТАЪРИХ ВА ИБРАТ

Эмомалӣ Раҳмон. «Чеҳраҳои мондагор». – Душанбе:
Эрграф, 2016.
Китоби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Чеҳраҳои мондагор” аз асарҳои пурарзиш дар таърихнигории муосир маҳсуб мешавад. Китоби мазкур агар аз як ҷониб саҳифаи тозаи омўзиши таърихи миллат ва фарзандони фарзонаву далер ва фидокорашро ифтитоҳ бахшад, аз ҷониби дигар такони бузургеро дар такомули эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандории мардум хоса ҷавонон ба вуҷуд овард. Китоб ҳадяи маънавии Пешвои миллат бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бо нангу номуси миллат мебошад, ки бори дигар аз эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг – такягоҳи устувори миллат дарак медиҳад. Китоби мазкурро метавон ба тариқи зайл аз назари арзиши баланди таърихиву фарҳангӣ ва адабиву маънавӣ шарҳ дод:
“Чеҳраи мондагор” – китоби худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ.
“Чеҳраи мондагор” – зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат, таърихномаи корнамоиҳо ва сарфарозиҳои халқи тоҷик, баёнгари фарҳанг ва тамаддуни таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон.
“Чеҳраи мондагор” – маҳсули омўзиш, мушоҳидаҳо ва хулосаҳои саҳеҳи илмии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърих, тамаддун, нақши шахсиятҳо дар таърих ва роҳҳои бардошти сабақи таърихӣ аз он.
“Чеҳраи мондагор” – беҳтарин намунаи осори таърихӣ чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ, ки дар зоти худ беҳамтост.

пешина
аз 601
навбатӣ