Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

“Чеҳраи мондагор” – китоби ибрат барои ворисони миллату ватан, сарчашмаи файёз барои муҳаққиқони таърихи кишвар, такони ҷиддӣ ба назар ва андешаи онҳо.
Басо рамзист, ки муаллифи китоб асарро ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидаанд ва дар он 25 нафар чеҳраи мондагори тамаддуни оламро, ки решапайвандни миллати бузурги тоҷик мебошанд, барои имрўзиён муаррифӣ кардаанд. Аксарияти ин чеҳраҳои таърихӣ шахсиятҳои барҷастае мебошанд, ки дар тағйири куллӣ бахшидани таърихи аҳли башар ё миллати сарбаланди тоҷик таъсири бузург расонидаанд. Махсусан, хидмати ин чеҳраҳои мондагор дар муаррифӣ намудани фарҳангу тамаддуни миллат дар арсаи ҷаҳонӣ назир надорад. Пешвои миллат дар интихоби муаррифии чеҳраҳо дар китоби хеш муҳимтарин хусусиятҳои маъруфияти афроди таърихиро ба ҳисоб гирифта, ҳини тадқиқот паҳлўҳои ибратбахши ҳаёт ва фаъолияти онҳоро ба қалам додаанд.
Аввалин чеҳраи мондагори таърихӣ дар китоби Пешвои миллат Куруши Кабир аст, ки дар тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад. Дар заминаи сарчашмаҳои мўътамади таърихиву археологӣ, маълумотномаҳои катибаҳо муаллифи китоб собит месозанд, ки Куруши Кабир маҳз тавассути сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, сабку усул ва тартиби ҷадиди идоракунии давлат, адолатҷўӣ, ободкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо эҷоди эъломияи таърихии худ, ки нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, маъруфият дорад.
Тақдири давлати муосири тоҷиконро муаллифи китоб ба тақдири давлатдории Куруш шабоҳат додаанд. Аз ҷумла, “Руҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкориву ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз назари муаллиф монандӣ ва ҳамоҳангии онҳоро муқаррар мекунад.

пешина
аз 601
навбатӣ