Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Баъдан аз хонадони Сомониён фарзандони шоистаи он ёд карда, хидматҳои арзандаи онҳоро дар ободонию созандагӣ, бунёди марказҳои фарҳангиву илмӣ зикр менамоянд. Дар бораи Исмоили Сомонӣ ҳамчун шоҳе, ки бо тамоми вуҷудаш хоҳони муттаҳидии тамоми сарзамини тоҷикон буд, бо санаду далелҳои раднопазири таърихӣ дар мавриди мақоми баланди ў изҳори назар мекунанд. Мусаллам аст, ки омўзиши зиндагиномаи ин чеҳраҳои ҷаҳонӣ ба ҷавонони имрўза нерў, боварӣ ва эътимод ба худ эҷод мекунад ва саргузашти онҳо чун дарси ибрат дар ватандориву ободкорӣ ба кор меояд. Аз ин рў Пешвои миллат муҳимтарин хусусиятҳои фардӣ ва хидматҳои бузурги Исмоили Сомониро дар назди халқи тоҷик баён мекунанд. Аз ҷумла, аз илму дониши баланд, фарҳанги воло, халқпарварӣ,адолатхоҳиву бунёдкориҳои Исмоили Сомонӣ ёд мекунанд: «Ў илму дониши замонашро хуб аз бар намуда, аз даврони ҷавонӣ ҳунари сарварӣ ва кишвардориро амалан фаро гирифт. Сирати наҷиби сиёсӣ ва фазилати инсонии Исмоили Сомонӣ дар солҳои давлатдориаш возеҳан зоҳир гардид» (1.209) Муаллиф ҳамчун олими боадолат ва муҳаққиқи заковатманд таъкид менамоянд, ки «фарҳангу тамаддуни аҳди Сомониён на танҳо мероси таърихии халқи тоҷик, балки сарвати халқҳои Осиёи Марказӣ ва умумибашарӣ мебошад» (1.211) ва ин андеша аз худшиносии воқеии муаллиф дарак медиҳад.
Пешвои миллат ба давлати Сомониён, таърих ва сукути он ба чашми ибрат назар мекунанд ва имрўзиёнро огоҳ месозанд, ки таърих муаллим ва довари одил аст ва аз он хулоса баровардан вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад. Пешвои миллат ба замони давлатдории Сомониён баҳои воқеии илмӣ дода зикр месозанд, ки он даврон яке аз қуллаҳои камолоти худшиносии миллӣ маҳсуб мешавад ва таҷрибаи бои давлатдории Исмоили Сомонӣ дар таҳкими давлатдории имрўзаи тоҷикон арзиши зиёд дорад..

пешина
аз 601
навбатӣ