ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
“Ба назари мо сирри бузургӣ ва ба яке аз мазҳабҳои бонуфузтарини дини мубини ислом табдил ёфтани мазҳаби Имоми Аъзам дар муқаррароти зерини таълимоти ин абармард маҳфуз аст:
якум, аз Қуръон ва аҳодис мутобиқ ба давру замон, шароити таърихӣ ва манфиати умум маънибардорӣ кардан дуюм, эътироф кардани ақл ва хирад ҳамчун асоси ҳалли масъалаҳои нави иҷтимоӣ сеюм, тавваҷҷўҳ зоҳир намудан ба урфу таомули мардум, дар сурати ба аҳкоми исломӣ мухолиф набудани онҳо ва манбаи фиқҳӣ қарор додани онҳо чорум, боз мондани дарвозаи мазҳаби хеш барои дастовардҳо ва арзишҳои ояндаи инсонӣ.” (1.199) .
Муаллифи китоб дар хулосаи мақола зикр менамоянд, ки дар шароити муосир омўзиши ҳамаҷонибаи дин, бахусус таълимоти Имоми Аъзам ва фалсафаи он зарур буда, бояд мавриди таваҷҷўҳи олимону мутахассисон қарор гирифта бошад. Зеро дарки маъниҳои баланди фалсафа ва ҳикматҳои Имоми Аъзам мардумро ба роҳи дурусту рост раҳнамоӣ мекунад.
Мақолаи “Абармарди хирад ва сиёсат” ба бунёдгузори ҳақиқии давлати Сомониён Исмоил Аҳмади Сомонӣ бахшида шудааст. Муҳимтарин нуқтаи илмие, ки дар ин мақола зикр ёфтааст марбут ба оғози давлат ва давлатдории тоҷикон мебошад. Муаллиф сари ин масъала дар суханрониҳову мулоқотҳои хеш борҳо руҷўъ кардаанд ва мўътақид бар онанд, ки давлати Сомониёнро оғози давлату далатдории тоҷикон шуморидан мумкин нест. «Чунки халқи тоҷик то давраи Сомониён силсилаи давлату давлатдориҳоро бунёд гузошта, дар Осиёи Миёна чун қадимтаррин миллат шинохта шудааст....» (1,205). Дар идома Пешвои миллат ба таърихи давлатдории тоҷикон руҷўъ намуда, ташаккули халқи тоҷикро дар таъсис ва таҳкими давлатдорӣ мебинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор