ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Пешвои
миллат бо зикри андешаҳои муҳаққиқони маъруфи олам
дар бораи Ибни Сино аз осори пурбаҳои ин ҳакими беҳамто ёд мекунанд ва шахсияти ўро “намунаи барҷастаи иродаи қавӣ, руҳи тавоно, ҷасорати камназир, дар муқобили
ҳамагуна мушкилиҳои зиндагӣ” (1.235) медонанд. Аз назари муаллифи “Чеҳраҳои мондагор” арзиши мероси илмии
ибни Сино ҳам аз назари илми тиб ва ҳам аз назари андешаҳо ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиаш ба худ мўҳри ҷовидонӣ
задааст. Муаллифи китоб дар мавриди арзишҳои афкору
ақидаҳои ибни Сино дар замони истиқлолият таваққуф
карда, мавриди омўзиш ва эътибор қарор додани онҳо зарур медонанд. Чунончи Пешвои миллат дар мавриди зан
ва мақому мартабаи ў дар ҷомеа аз назари Сино чунин
менависанд: «Ибни Сино дар асарҳои худ ба ҷо овардани эҳтироми зан махсусан модарро аз сифатҳои муҳими
тарбияи ахлоқӣ мешуморад.... Соҳиби касбу кор шудани
занон ба андешаи Сино онҳоро аз беҳудашинӣ, афсурдаҳоливу дилтангӣ мераҳонад ва ба зиндагии оилавиашон ҳусни тоза мебахшад» (1.236). Мусаллам аст, ки ин андешаи
Сино сармашқи сиёсати Пешвои миллат аст ва дар ҷомеаи
муосири тоҷик зан–модар мавриди таваҷҷўҳу ғамхории
давлату ҳукумат қарор дорад ва нақши ў дар тарбияи фарзандони шоистаи Ватан ва хушахлоқу бомаърифат бузург
мебошад. Дар мавриди муаррифии ибни Сино ва осори
ў дар китоб чунин ба назар мерасад, ки муаллифи китоб
барои хонандагон андешаҳову афкори муҳим ва муфиди
Синоро гулчин кардаанд. Аз ҷумла, назари Синоро дар
мавриди давлату давлатдорӣ ва сифатҳои роҳбари давлат,
ахлоқи ҷомеа, таълиму тарбия, ҳифзи тандурустӣ, илм ва
адабиёт ва ғайра вобаста ба замони муосир шарҳу тавзеҳ
додаанд ва ўро «парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсола» (1.238) хондаанд, ки ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор