ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Носири Хисрав ҳамчун “Суханвари бузург ва марди андеша” аз назари Пешвои миллат як нафар чеҳраи мондагори миллат аст, ки “умри азизи хешро баҳри худшиносӣ, ситоиши ифтихори миллию ватандорӣ ва раҳоиш аз зулму истибдоди аҷнабиён, хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ сарф кардааст”(1.239). Муаллиф ба зиндагиномаи Носири Хисрав руҷўъ карда, ҷаҳони андешаи муттафаккирро вобаста ба вазъи замон ва воқеаҳои мудҳиши таърихӣ тавзеҳ медиҳанд. Воқеан, Носири Хисрав ҳамчун шахсияти нотакрор ва қавиирода дар меҳвари талошу пайкори истиқлолхоҳии ниёгони мо бар зидди аҷнабиёни истилогар қарор дошт ва муборизаи ў тавассути сухани пурҳикмат сурат мегирифт. Муалифи китоб дар баробари зикри асарҳои Носири Хисрав аз қабили “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн”, “Кушоиш ва раҳоиш”, “Сафарнома” ва “Девони ашъор” шоирро ҳамсони Фирдавсӣ ситоишгари хирад ва хирадмандӣ медонанд ва назарияи инсони комилро, ки ҷавҳари онро дур будан ва парҳез намудан аз кибру ғурур, ҳирсу ҳасад, макру тазвир, хашму ситез мебошад, мавриди ситоиш қарор медиҳанд. Пешвои миллат дар заминаи воқеаҳои таърихии замони Носири Хисрав, зиддиятҳои мазҳабӣ ва муборизаҳои аҳли хирад бо гурўҳи ҷоҳилону бебасарон ба масъала ва мушкилоти даврони муосир руҷўъ менамоянд. Аз ҷумла, хонандаро ҳушдор медиҳанд, ки имрўз равияҳои ифротгароӣ на танҳо дар ислом балки дар дигар дину оинҳои ҷаҳонӣ низ ба чашм мерасанд, ки густариши гурўҳҳои неофашистӣ, ҳаракатҳои шовинистӣ ва ҷунбишҳои миллатгароӣ намунаи он мебошад. Вале Пешвои миллат ба ақлу хирад, дониш ва ҷаҳонбинии мардуми тоҷик эътимод доранд ва бовар доранд, ки миллати соҳибназари мо дигар фирефтаи душманон намегарданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор