Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ҷумла, зиндагинома ва хидматҳои беназири Қаҳрамонони Тоҷикистон, поягузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ дар китоб рўшан инъикос шудааст. Муаллифи китоб бо назардошти он, ки инъикоси тамоми паҳлўҳои фаъолияти устод Садриддин Айнӣ дар як мақола ғайри имкон аст, ба тариқи мўъҷаз дар 48 бахш муҳимтарин матлабҳоро баён кардаанд. Ҳар як бахши ин мақола ифодагари як корнома ё як хидмати бузурги устод Садриддин Айнӣ мебошад ва ин андешаҳо давоми 26 соли истиқлолияти кишварамон дар маърўзаҳои Сарвари давлат борҳо таъкид шудааст. Аз ҷумла, Пешвои миллат оид ба арзиши китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки дар вазъияти тақдирсози миллат интишор шуд, мақолаҳои таърихии устод, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ иншо гардидаанд, муборизаҳои устод барои вожаи “Тоҷик” ба сифати як халқи форсизабон, ғурури миллӣ, заҳматҳои фаровон дар зинда кардани таърихи халқи тоҷик, асарҳои аз лиҳози мазмуну мудариҷа баланд ва аз назари ҳунар беназир ва ғайра нуқтаи назари хешро баён кардаанд. Чунончи дар яке аз бахшҳо менависанд:
“Хидмати ҷоннисорона ва миллатдўстонае, ки устод Садриддин Айнӣ барои нигоҳ доштан ва ривоҷи забон ва адабиёт, таърихи фарҳангамон ва умуман тарбияи таърихнигорон, рўзноманигорон, шоирону нависандагон арбобони давлатӣ ва ҷавони тоҷик кардааст, қобили ҳамагуна қадршиносиҳост.” (1.310) Ҳамчунин, дар китоб Нусратулло Махсум, ки аз назари Сарвари давлат ҷонфидои миллат маҳсуб меёбад, Шириншо Шотемур, ки ҳамчун офтоби зиёбахш дар таърихи Тоҷикистони навин тулўъ намуд, Бобоҷон Ғафуров, ки олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ буд ва Мирзо Турсунзода, шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ ба ҳисоб мерафт ва дар радифи инҳо Сотим Улуғзода ҳамчун – мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ зикр ёфтаанд.

пешина
аз 601
навбатӣ