ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Эмомалӣ Раҳмон чи дар китоби “Чеҳраи мондагор” ва чи дар мақолоту кутуби дигар, ҳамчунин суханрониҳои худ, ҳини руҷўъ намудан ба таърих ва тамаддуни миллати тоҷик исми Садриддин Айниро дар радифи бузургони сиёсату адаб ва фарҳанги ҳазорсолаи халқамон, аз қабили Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ёд мекунанд. Ин маънии онро дорад, ки устод Айнӣ дар таърихи миллати мо ҳамрадифи ин афроди фарҳехта қарор дорад ва пайвандгари шоистаи дирўзу имрўзи тамаддун аст. Дар даврони навини таърихи кишвари мо бошад муаллифи китоб чанд нафареро дар ҷодаи сиёсат, таърих ва адабиёт чун Саидризо Ализода, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Аббос Алиев, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар пайравон ва ҳамфикрони устод Садриддин Айнӣ маҳсуб медонад. Дар баробари ин, Пешвои миллат менависанд:
«Даҳҳо ва садҳо фарзандони баору номуси халқро ном бурдан мумкин аст, ки барои озодӣ, ободӣ ва обрўи милату истиқлолияти Ватани азиз фидокориҳову ҷоннисориҳо кардаанд. Аз байни ин фарзандони сарсупурда ду нафарро махсус ном бурдан мехоҳам, ки барои ташаккули миллат, болоравии ҳисси худшиносиву ватандорӣ ва истиқлолияти тоҷикон хизмати бузург кардаанд. Ин ду фарзанди барўманди халқ устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров мебошанд”(1.299). Яъне, ҷойгоҳи устод Садриддин Айнӣ дар таърихи тамаддуни Ватани мо хоса аст ва Пешвои миллат бо дарки масъулияте, ки имрўз дар назди халқу Ватан доранд, ин нуктаро пайваста зикр месозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор