ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар мақола ҳамчунин ҳини руҷўъ намудан ба масъалаи арзишҳои миллӣ муаллиф оид ба бузургтарин сарвати бебаҳои халқ забони тоҷикӣ эътибор медиҳанд. Аз ҷумла, дар тўли асрҳо тавассути хидмати бузургони илму адаб ин забон маҳв ё гум нашуд ва дар ин ҷода хидмати устод Садриддин Айнӣ ниҳоят бузург аст. Аз назари муаллиф устод Садриддин Айнӣ дар танзиму ба тартиб даровардани забони адабӣ ва матбуот нақши беназир дорад. Махсусан, дар тозагии забон аз алфози зишту кўчагӣ, дуруст истифода кардан аз забони гуфтугўиву маҳалҳо, ба як қолаби муайян овардани забони адабӣ устод Айнӣ кўшишҳои зиёдеро анҷом додааст. Ҳамчунин, дар рушди забони адабӣ, дастуру маслиҳатҳои устод ба нависандагону шоирони ҷавон як мактаби бузурги тарбият аст. Дар ин маврид мактуби саркушоди устод Садриддин Айнӣ ба нависандаи ҷавон Пўлод Толис намунаи беҳтарини ин раҳнамоист. Чунончи дар ин мактуб сухан дар бораи истифодаи дурусти калимаву ибораҳои маҳаллӣ меравад:
“Дар инҷо як роҳи инкишофи забони адабиро қайд кардан мехоҳам. Ин кор фармудани луғатҳои маҳаллӣ аст.
Ба фаҳми ман дар кор фармудани луғатҳои маҳаллӣ бисёр эҳтиёт кардан, аммо чизҳои нағзи онро аз назар нагурезондан лозим аст. Дар лаҳҷаҳои маҳаллӣ монанди “иби”-и бухориён, калимаҳое ҳастанд, ки қобилияти умумӣ шудан надоранд ва ингуна калимаҳоро танҳо дар порчаҳои ҳаҷвӣ кор фармудан мумкин аст. Аммо дар забонҳои маҳаллӣ баъзе калимаҳое ҳастанд, ки классиконаанд, бо вуҷуди дар як маҳал зинда будани он гуна калимаҳо онҳо ба дараҷае классиконаанд, ки баъзе касони бехабар онҳоро “забони қадимии мурда” мепиндоранд ва дар архаизм медароранд.
Чунончи “гусел” дар Ленинобод дар байни авоми бесавод кор фармуда мешавад... Вазифаи нависандагон ин гуна калимаҳоро умумӣ кардан аст”.
Аз назари муаллифи китоби «Чеҳраҳои мондагор»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор