ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар мақола андешаву гуфтори шахсиятҳои маъруфи таърих чун Дабири кулли Созмони Муттаҳид Кофи Аннан, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Қувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғаним истинод шудааст, ки он баёнгари эътироф шудани Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори ояндабину матинирода, принсипнок, ботаҳаммул ва ғамхори халқ аз тарафи сарони кишварҳои олам мебошад.
Сироҷиддин Аслов – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаи худ «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ» оид ба мақоми Сарвари кишвар ҳамчун тарроҳ ва поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалӣ сухан кардааст. Ба андешаи муаллиф дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ кишвари мо дар мавриди идоракунии бахши иқтисодиву иҷтимоӣ замина ва таҷрибае дошт, вале дар бахши равобити байналмилалӣ чунин таҷриба ё мавҷуд набуд ва ё хеле маҳдуд буд. Аз ин рў, Сарвари мамлакат дар ин самти фаъолият низ корро аз сифр оғоз намуд. Ба қавле ба ақлу дониши худ, тадбир бо истифода аз эътимоду иттико ва хираду заковати мардум ба ҳадафи хеш расид. Нуктаи зарифе, ки дар мақола таззакур ёфтааст, ин бозгўи усулҳои муаррифӣ кардани сиёсати хориҷии давлатҳои дунё мебошад. Ба қавли муаллиф: «Давлатҳои маъруфшудаи олам ё бо зўри силоҳ ё бо маҳсулоти пешрафта ё бо пулҳои ҳангуфт дар саҳнаи ҷаҳон нақшофарӣ кардаанд». Вале, Пешвои миллати мо кишвари моро бидуни сарфи маблағҳои дохилӣ, содироти техникаҳои нодир, кўмакҳои фаровони башарӣ танҳо бо тадбир, сулҳоварию ваҳдатофарӣ, ташаббусҳои созанда, робитаҳои инсондўстона, забони ширину таҳаммулпазирӣ ба оламиён маъруфу машҳур кард.
Муаллифи мақола зикр мекунад, ки Тоҷикистон бо 128 кишвари ҷаҳон муносибати дипломатӣ дошта, 150 давлат истиқлолияти моро эътироф кардаанд ва бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон бузургтарин тасмимҳои дастҷамъӣ дар минтақа сурат намепазирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор