Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар мақола баробари зикри мақоми кишвари мо дар баргузор шудани ҳамоишҳо, конфронсҳо ва нишастҳои байналмилалӣ, ҳамчунин оид ба ташаббусҳои фарогир ва нақшгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст, сухан меравад. Зикр мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон муаллифи се ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид амалӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт 2005-2015»
мебошад. Дар фароварди мақола муаллиф дуруст зикр мекунад, ки ҳар кишваре, ки бо мамлакати дигар ҳамкории дарозмуддатро мехоҳад ба роҳ монад, пеш аз ҳама, бо оромиши кунунии он ва заминаҳои босуботи ояндааш назар мекунад. Аз ин рў, Тоҷикистон бо шарофат ва баракоти сулҳпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи шарикони хориҷӣ чун кишвари дорои ояндаи босубот ва сиёсати устувор шинохта мешавад. Марбут ба мавзўи мақолаи мазкур профессори ДМТ Ниёз Мирзоев дар навиштаи хеш “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори дипломатияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол” низ изҳори назар карда, гуфтааст, ки сиёсати оқилона, озмудшуда ва мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият самараи нек ба бор овард.
Мусаллам аст, ки Сарвари давлат дар рушди фарҳанги миллӣ нақши беандоза дорад. Мақолаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода «Нақши таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фарҳанги миллӣ» ба ҳамин самти фаъолияти Президенти мамлакат бахшида шудааст.

пешина
аз 601
навбатӣ